Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар КДАМ ва вазороти қудратии Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМасъулини мақомоти қудратӣ ва мушовирон дар ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон
Масъулини мақомоти қудратӣ ва мушовирон дар ҳузури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба ҳузур пазируфт.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Воҳидов, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудааст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии президент.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Корманди КДАМ “Беҳтарин масъули фаврӣ” дар Тоҷикистон эълом шуд

Ба иттилоъи манбаъ, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншуда дар вазоратҳои мудофиа,  корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфта, бо онҳо суҳбати муфассал дошт.

Ҳамин тавр, бо қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Воҳидов Фарҳод Камолович муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, ҳамзамон сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо президент Шарипов Шомуддин Ҳасанович сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон таъин гардидаанд.

Инчунин, Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шудааст.

Манбаъ мегӯяд, ба ҷуз ин, намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0