ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Дар Душанбе китоби профессор Сафар Сулаймонӣ таҳти унвони "Библиографияи монографии Сафар Сулаймонӣ" аз ҷониби Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ба нашр расид.
Ба иттилоъи масъулини ин маркази таҳқиқотӣ, библиографияи монографии мазкур асарҳои илмӣ, таълимӣ, тарҷума, маводи таҳриркардаю тартибдода ва адабиёт роҷеъ ба фаъолияти илмию пажӯҳишии олимро дар бар мегирад.
Мақолаи муқаддимавӣ роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти илмӣ ва таҳқиқоту пажӯҳиши анҷомдодаи ӯ иттилооти мушаххас медиҳад. Ба ин китоб ҳамаи маводи ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ нашршудаи муаллиф ворид гардида, мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Он маводи солҳои 1977-2015 чопшударо дар бар мегирад.
Унвони кулли осор ба забони асл ва тибқи меъёрҳои пазируфта тасвир шудаанд.
Мундариҷа ва муҳтавои асарҳои бузургҳаҷм ба таври мухтасар шарҳ дода шудаанд. Асарҳое, ки тавассути унвонашон дарки мазмуни онҳо душвор аст, бо тавсифҳои иттилоотӣ комил гардидаанд.
Матолиб дар қисмҳо ва зерқисмҳои китобнома тибқи замони чопи асарҳо ва бо тартиби нави имлои алифбои тоҷикӣ тадвин гардидаанд. Тақризҳо ба осори Сафар Сулаймонӣ алоҳида оварда шудаанд. Барои дарёфти таъҷилии мавод дар поёни китобнома кумакфеҳристҳои алифбоии асарҳо, мавзӯӣ ва ашхос пешниҳод мешаванд.