ДУШАНБЕ, 6 март — Sputnik. Мирзосаид Султонов, як шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистон дар Ҷопон дар ришати иқтисод соҳиби унвони профессорӣ шуд, менависад "Радиои Озодӣ".
Рӯзи 4-уми март Султонов профессори пайваста (Associate Professor)-и Донишгоҳи Тоҳоку Коеки дар шаҳри Сакатаи Ҷопон таъин шудааст. Ин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2013 Мирзосаид Султонов рисолаи доктории худро дифоъ кард ва дар ин миён борҳо дар чандин донишгоҳи Ҷопон дарс дод.
Дарсҳои профессор Султонов барои донишҷӯён аҳамияти бузург доранд — Макроиқтисодиёт, Микроиқтисодиёт, Иқтисодиёти Муқоисавӣ ва Иқтисодиёти Ҷопон. Вале кори илмии ӯ танҳо ба Тоҷикистон бахшида мешавад. Мавзӯъ: Таъсири макроиқтисодии сармояҳое, ки муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд. Албатта, дар сабақҳои ӯ аз Иқтисодиёти Муқоисавӣ профессор Султонов дар қатори Ҷопону ИМА ва кишварҳои пасошӯравӣ аз Тоҷикистон низ сӯҳбат мекунад.
Дар шарҳи кори илмияш Мирзосаид Султонов рӯзи 5-уми март ба радио гуфтааст, пажӯҳиши вай дар бораи таъсири пули муҳоҷирон барои иқтисодиёти Тоҷикистон таҳти назари донишмандони ҷопонӣ ва бо истифода аз услуб ва равишҳои пешрафтаи омориву иқтисодӣ сурат гирифта, холигоҳеро, ки дар ин замина дар илми иқтоисод вуҷуд дошт, пур кардааст.
Меҳвари назария ин аст, ки то 15-20 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро ташкил кардани "пули муҳоҷирон" ба иқтисоди ҳар кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт. Вале чун аз ин сатҳ бештар шуд, равандҳои номатлуберо ба миён меорад.
"Аз ин сатҳ гузаштани чунин сармояи воридотӣ сабаби боло рафтани нархҳо ва бекорӣ мегардад ва омилҳоеро ба вуҷуд меорад, ки ба ҳамаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъсир мерасонанд. Онҳое, ки дар хориҷ кор мекунанд, музди баландтар мегиранд ва ба оилаҳои худ мефиристанд. Боло тафтани тавони харидорӣ аз ин лиҳоз ба боло рафтани нархҳо сабаб мегардад. Ва оилаҳое, ки дар хориҷ муҳоҷир надоранд, ба ин нархҳо расидагӣ карда наметавонанд. Онҳо маҷбур мешаванд аз кори каммузди худ даст кашанд ва ҷӯёи кори дигар шаванд ё низ роҳи Русияро дар пеш гиранд", — гуфтааст Султонов.
Дар пажӯҳиши профессор Султонов роҳҳои ҳалли ин мушкили макроиқтисодӣ низ нишон дода шудааст ва тамоми тадқиқот дар мисоли Тоҷикистон бо арқому ададҳои мушаххаси муҳоҷирати шаҳрвандони он ба Русия анҷом шудааст. Баҳои ҷопониҳо ба ин пажӯҳиш эҳтироми илмиест, ки олими 35-солаи тоҷик соҳиб гашт ва тадқиқоти ӯ дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии Ҷопон ба нашр расид.