ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар чорабинии 50-солагии Барномаи Рушди СММ ширкат ва суханронӣ кардааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ.
Ба қавли манбаъ, рӯзи гузашта дар шаҳри Ню-Йорки ИМА чорабинии сатҳи вазирон ба муносибати 50-солагии Барномаи Рушди Созмони милали Муттаҳид баргузор шудааст. Зимнан, дар ин нишаст Сироҷиддин Аслов ширкат ва суханронӣ кардааст.
Иштирокдорон дар бораи фаъолияти самараноки Барномаи Рушди СММ дар даҳсолаҳои оянда ҷиҳати мусоидати бештар ба талошҳои кишварҳои аъзо барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иброз намуданд.
Ба ғайр аз ин, оқои Аслов, ки ҷиҳати суханронӣ дар мубоҳисаҳои тематикӣ таҳти унвони "Мудирияти хавф, зарфиятсозӣ ҷиҳати муқовимат ба офатҳо" даъват шуда буд, дар бораи зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, ба вижа офатҳои марбут ба об низ суҳбат кардааст.