ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Зимни як бозпурсӣ, ки аз сӯи муфаттишон ва бо ҳузури мақомот сурат гирифт, Обид Мақсудов эълон дошт, ки Зафар "Бедняк"-ро барои пул ва он ҳам қарздорӣ куштааст, иттилоъ медиҳад Вазорати умури дохилӣ.
"Сабаб сум буд. 110 ҳазор доллари амрикоӣ аз ман қарздор астӣ гуфт ва наистод, ки маро гӯш кунад. Гапҳоямон пасту баланд рафт, боз дашном дод. Дигар ман контролро аз даст додам",-омадааст дар хабари манбаъ аз номи боздоштшуда.
Зимнан, Обид Мақсудов изҳор доштааст, ки ба "Зафар бедняк" бо қайчӣ ҳамла кардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, баъди содир намудани ҷиноят Обид Мақсудов дар яке аз биноҳои шаҳри Душанбе паноҳ мебарад ва пас аз он ки кормандони милиса макони ӯро дақиқ мекунанд, ӯ худро аз ошёнаи дуюм ба замин партофтааст.
"Дар натиҷа дасту пояш мешикананд ва алъон дар беморхона таҳти муроқабати пизишкон қарор дорад",- менависад сарчашма.
Вазорати умури дохилӣ қаблан хабар дода буд, ки дар баробари Обид Мақсудов дар марги Зафархон Азимов як нафари дигар низ муттаҳам мешавад, ки феълан мавриди кофтукоб қарор дорад.
Бар пояи иттилоъи ВКД ҶТ, Зафархон Азимов, сокини 38-солаи кӯчаи Шамсии шаҳри Душанбе, 18 феврали соли равон дар назди "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе бо Обид Мақсудов, сокини 32-солаи кӯчаи Борбад муноқиша кардаанд.
"Дар натиҷа Мақсудов бо олоти дар дасташ буда, ба қисмати дили Азимов зарба зада, ӯро маҷруҳ мекунад. Азимов баъди интиқол ба беморхонаи Маркази миллии шаҳри Душанбе ба ҳалокат мерасад",- қайд карда буд манбаъ.
Ба иттилои ВКД, Обид Мақсудов, соли таваллудаш 1984, сокини кӯчаи Борбад, пеш ду бор барои авбошӣ суд шуд, ӯ ҳамчун писари Эмом Мақсудов, маъруф ба "Эмом хубак", раиси корхонаи кабелбарории Душанбе, муаррифӣ мешавад.