Даргузашти “Монго”, бародари Фидел ва Раул Кастро

© REUTERS \ Claudia DautРамон Кастро, бародарбузурги Фидел ва Раул Кастро
Рамон Кастро, бародарбузурги Фидел ва Раул Кастро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамон Кастро, ки лақаби “Монго” дошт, на чун бародарони хурдиаш сиёсатмадор, балки ба чорводорӣ машғул буд, вале бо ин вуҷуд дар инқилоби кубӣ нақши муҳимро бозид.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Рамон Кастро, бародари инқилобчиёни Куба- Фидел ва Раул Кастро, дар синни 91 солагӣ аз олам чашм пӯшид, иттилоъ медиҳанд расонаҳои хориҷӣ бо истинод ба шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ.

Ҷосусони аз зиндони ИМА озодшуда унвони қаҳрамонии Кубаро соҳиб шуданд

Ба қавли манобеъ, Рамон Кастро  субҳи рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон дар пойтахти Куба, шаҳри Гавана аз олам даргузашта, ҷасадаш сӯзонида шуд. Хокистари Кастро ба маҳалли Биран, воқеъ дар рустои Олгин, макони таваллудаш оварда мешавад.

Рамон фарзанди дуюм дар оилаи муҳоҷирон Анхеля Кастро ва Лина Рус буд. Ӯ аз Фидел 2 ва аз Раул 7 сол бузургтар буд.

Сарчашмаи хабар меафзояд, Рамон ба чорводорӣ шуғл дошт, на чун бародаронаш ба сиёсат, вале ба ин нигоҳ накарда, дар инқилоби кубӣ нақши муҳим дошт.

Лентаи хабарҳо
0