Ҷосусони аз зиндони ИМА озодшуда унвони қаҳрамонии Кубаро соҳиб шуданд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкРаул Кастро. Акс аз бойгонӣ
Раул Кастро. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тасмими тақдими унвони қаҳрамонӣ ба ин афрод ҳанӯз дар соли 2001, замоне ки кубагиҳо дар зиндони ИМА қарор доштанд, ғойибона гирифта шуда буд ва ҳамакнун онҳо шахсан ба ин унвон сарфароз гардиданд.

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Раҳбари Куба Раул Кастро рӯзи сешанбе расман панҷ нафар ҷосусони собиқи ин кишварро, ки аз зиндонҳои ИМА озод шудаанд, бо унвони "Қаҳрамони ҷумҳурии Куба" сарфароз кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Херардо Эрнандес, Рамон Лабанино, Рене Гонсалес, Антонио Герреро ва Фернандо Гонсалес соли 1992 ба созмонҳои зиддикастроӣ дар Флорида ба манзури "ироа иттилоъоти сареъ ба ҳукумати Куба дар бораи таҳияи аъмоли террористӣ бидуни расонидани зараре ба ИМА" ворид карда шуданд. Бо гузашти шаш сол ИМА ин ҷосусонро ошкор ва сипас онҳоро аз 15 сол ва то ду ҳукми абад равонаи зиндон кард.

Ба ҷуз аз унвони қаҳрамонӣ ҳамаи ҷосусон бо Ордени "Плайя-Хирон", ки барои саҳми зиёд дар муқобала бо империализм таъсис шудааст, қадрдонӣ шудаанд, хабар медиҳад пойгоҳи La Segunda.

Тасмими сарфароз кардани ин афрод ҳанӯз соли 2001, ки кубагиҳо дар зиндони ИМА қарор доштанд, ғойибона гирифта шуда буд ва ҳамакнун онҳо шахсан қадрдонӣ шуданд.

"Куба бояд қотеъона алайҳи таҳдидоти ҷадид, ки ба мо наздик мешаванд, иқдом кунад", — гуфт дар маросими эътои унвонҳо ҷосуси собиқ Эрнандес.

Тасмими озодии ин ҷосусонро раиси ҷумҳури ИМА Барак Обама гирифт. Баъд аз ин Раул Кастро изҳор дошт, ки куллияи мавонеъ барои тавсеъаи равобит миёни Гавана ва Вашингтон бартараф шудаанд ва кубагиҳо барои ин тасмими Обама аз вай сипосгузоранд.

Лентаи хабарҳо
0