ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон моҳи марти соли равон беш аз маъмул истироҳат хоҳанд кард, хабар медиҳад Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи кишвар.
Тоҷикистониён дар моҳи март рӯзи 8 март- иди Модарон ва иди Наврӯзро, ки чор рӯз аз 21 то 24-уми март давом хоҳад кард, ҷашн мегиранд.
Ҳамин тавр дар умум, рӯзҳои истироҳатии шаҳрвандон моҳи март бо дарназардошти рӯзҳои истироҳатӣ 13 рӯзро ташкил медиҳад.
Иди Наврӯз дар кишварҳои мухталифи дунё аз қабили Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркменистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Туркия, Курдистони Ироқ ва ғайра ҷашн гирифта мешавад.
Дар мамолики Осиё —ин ҷашни зиндашавии табиат ва оғози кишту кор мебошад. Бо фарорасии Наврӯз, давомнокии рӯз нисбати шаб бештар мешавад. Дар ин ҷашн мардум хонаҳои худро тозаву озода карда, дастархони идона меороянд. Пеш аз ҷашнгирии ин ид, чун анъана мардум бояд бо ҳам мусолиҳа кунанд, кинаву адоват нагиранд, гуноҳҳо ва қарзҳои якдигарро бахшанд.