ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба иди Наврӯз дар Душанбе рӯзҳои 21-24 март баргузор мегарданд, менрависад дафтари матбуотии мири шаҳр.
Ҷашни асосӣ рӯзи 21 март дар майдони "Наврӯзгоҳ" бо намоишҳои театрӣ баргузор мегардад. Рӯзҳои 22 ва 23 юм дар боғҳои фарҳангии пойтахт консертҳо ва барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, тантанаҳои оммавӣ низ дар назар аст.
Инчунин дар Душанбе мусобиқаҳои анъанавӣ аз қабили гуштигирӣ доир мешаванд. Ғолиби мусобиқаро туҳфаи асосӣ-мошини сабукрав интизор аст.
Ба ғайр аз ин, дар пойтахт пойгаи аспҳо сурат мегирад ва дар рӯзи 24 март сокинони Душанбе маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунии шаҳр ширкат хоҳанд кард.
Video Player is loading.
Пойгаи аспҳо ва сабқатҳои варзишӣ дар Наврӯзи Душанбе
1:03
© Sputnik