ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ дар ташкилотҳои қарзӣ зиёд шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
"Моҳи аввали соли равон болоравии бақияи умумии амонатҳо дар ташкилотҳои қарзии кишвар рӯшан ба мушоҳида мерасад. Боқимондаи амонатҳо дар охири моҳи январ 9492,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 43,0% зиёдтар аст",- омадааст дар хабари манбаъ.
Қайд мешавад, ки 39,3% пасандозҳоро саҳмияҳои шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳанд, 60,7%-и пасандозҳо бошанд, ба шахсони воқеӣ тааллуқ доранд.
Фоизи миёнаи амонати моҳи гузашта бо пули миллӣ 16,90%, бо пули хориҷӣ бошад,10,61%-и солонаро ташкил медиҳад.
Қаблан гуфта шуда буд, ки Бонки Миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулӣ дар бораи баланд бардоштани меъёри бозтамвил барои 1 банди фоизӣ то 19%-и солона қабул намуд.