ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии БМТ иттилоъ медиҳад, сатҳи таваррум дар соли 2015 нисбат ба соли қаблӣ тамоюли тадриҷии пастшавиро соҳиб гардида, ба 5,1 фоиз баробар шуд. Таварруми ҳосилшуда аз ҳисоби нархи маҳсулоти озуқа ба андозаи 4,3 фоиз, ғайриозуқа 7,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 2,3-ро ташкил дод.
Дар бонк аз намояндагони ВАО даъват карданд, ки аснои таҳияи матлабу мавод дар бораи нархи маҳсулот на танҳо болоравии арзиши он, балки тамоюли пастшавии арзиши маҳсулотро низ қайд намоянд.
Бонки миллӣ мегӯяд, таҳлилҳои анҷомдодашуда исбот намуданд, ки болоаравии арзиши маҳсулот дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ва то андозае боло рафтани нархи маҳсулоти воридотӣ дар шароити маҳдуд будани сатҳи талаботи дохилӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи муътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд. Фаровонию арзонии маҳсулот дар натиҷаи ба маротиб афзоиш ёфтани истеҳсол ва пешниҳоди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти воридотивазкунанда, аз қабили картошка, сабзӣ, пиёз, гӯшт, мевагӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, ангишт, семент, хишти пухта ва дигар молҳои ниёзи мардум ба даст омад.
"Таҳлилҳои мутаалиқ ба аввали моҳи равон нишон доданд, ки нархи миёнаи молу маҳсулоти воридотӣ назар ба нарху навои онҳо дар як қатор кишварҳои ИДМ пасттар аст",-омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.
Ҳамзамон, дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.
Бонки миллии Тоҷикистон аз болои нархҳои маҳсулоти ниёзи мардум назорати доимӣ гузаронида, дар асоси он ҷиҳати коҳиш додани таъсири омили монетарӣ ба сатҳи нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ, нигоҳдории афзоиши муътадили пешниҳоди ҳаҷми пул, инчунин бартараф намудани таъсири фишорҳои берунию дохилӣ ба сатҳи нархҳо, бахусус ҳаннотӣ дар бозори дохилии асъор чораҳои зарурӣ меандешад.