ВКД: кормандони мақомот боздошт нашудаанд

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иттилоъ дар бораи боздошти чаҳор корманди мақомоти умури дохила дар расонаҳо нашр гардида, қаблан гуфта мешуд, ки онҳо бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ, ё ба истилоҳ "УБНОН", генерал-майор Мустафо Рустамзода  бо нашри як иттилоия боздошти 4 корманди ниҳодашонро дар вилояти Хатлон рад кард, менависад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Ҳашиш. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти 4 корманди мақомот бо иттиҳоми нашъаҷаллобӣ

"Хабари рӯзи 22-юми феврали соли равон дар сомонаҳои интернетӣ пахшшуда оиди он, ки гӯё 4 нафар кормандони Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор дастгир гардидаанд, асосӣ воқеӣ надошта, бе ягон далелу асос нашр карда шудаанд",- омадааст дар изҳороти генерал, ки онро сайти вазорат нашр кардааст.

Қаблан дар расонаҳои маҳаллӣ хабаре паҳн шуд, ки рӯзи шанбеи гузашта, бо 56 кило ҳашиш ва 9 кило героин дар ноҳияи Шӯрообод гуруҳи қочоқчиён боздошт гардиданд ва дастгиршудаҳо кормандони шуъбаи мубориза бо маводи мухаддири шаҳри Душанбе будаанд.

"Баъди бозпусӣ маълум шудааст, ки ин афрод, на қочоқӣ, балки ҳамчун корманди мақомот, ин миқдор маводи мухаддирро дарёфту мусодира намудаанд. Онҳо санад тартиб дода, маводи мухаддирро мусодира кардаанд. Вазифашонро аз рӯи қонун иҷро кардаанд. Баъди ин ҳар чорашон озод шудаанд", —меафзояд манбаъ.

 

 

Лентаи хабарҳо
0