ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ аснои як амалиёти муштарак бо марзбонон гуруҳи қочоқчиёнро боздошт карданд.
"Зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири навъи ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт гардидаанд",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари аз онҳо мусодирашуда 56 килоро ташкил додааст.
Дар қиболи боздоштшудагон Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, аммо аз ифшои ному насаби афсарон худдорӣ карда мешавад.