БҶ ба Тоҷикистон барои дастрасӣ ба интернет шароит муҳайё месозад

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстифодабарандаи интернет. Акс аз бойгонӣ
Истифодабарандаи интернет. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Лоиҳаи Digital CASA имкон хоҳад дод, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба як маркази бузурги рақамии транзитӣ табдил ёбанд ва дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ сабук шавад.

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ҳукуматҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Қирғизистон дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ лоиҳаи Digital CASA-ро таҳия мекунанд, омадааст дар хабари сомонаи БҶ.

Тарҳи мазкур мавриди таҳия ба амалисозии роҳандозии муносибати минтақавии фаромарзӣ ҷиҳати беҳбуди васли хатти васеъу доманадор  ба интернет барои кишварҳои Осиёи Марказии маҳрум аз роҳи баромад ба баҳр ва баъзе қисматҳои Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудааст.

Ҳукумат шикоёти муштариёнро тавассути интернет қабул мекунад

Ба иттилоъи БҶ, амалисозии чунин тарзи муносибат ба воситаи ҷалби сармояи бахши хусусӣ ба рушди зерсохтор ва ҳамчунин таҷдиди назари сиёсати дахлдор ва заминаи меъёрӣ дар назар аст, то ки аз имконоти телекоммуникатсия, энергетика ва зербинои нақлиётӣ истифода шавад.

Гуфтанист, лоиҳаи Digital CASA имкон хоҳад дод, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба як маркази бузурги рақамии транзитӣ табдил ёбанд.

"Дар сатҳи минтақавӣ лоиҳа ба васли кишварҳо ба зербинои минтақавӣ ва байнисайёравӣ равона шудааст, ки ба беҳбуди сатҳи ҳамкориҳои наздимарзӣ ва амал кардан ба сифати маркази транзитии пайвасти байнулмилалӣ миёни Аврупо ва Осиё имкон медиҳад",-қайд мешавад дар иттилоъия.

Дар сатҳи миллӣ бошад, лоиҳа ба роҳандозии хизматгузориҳои боэътимод ва дастраси интернет барои аҳолӣ, барқарор намудани алоқаи беҳтар байни тиҷорати хурду миёна ва соҳибкорони инфиродӣ бо иқтисоди сартосарии рақамӣ ва ҳамчунин рушди инноватсияҳо дар бахши хизматгузориҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Лентаи хабарҳо
0