Воридоти беш аз 850 ҳазор тонна орди Қазоқистон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Андрей СтенинХалтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ
Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон дар як сол тақрибан ба якуним миллион тонна орд ва маҳсулоти ордӣ ниёз дорад, истеҳсоли ватании ин гуна маҳсулот бошад ҳамагӣ нисфе аз ин рақамро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар соли гузашта аз ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон 852 300 тонна гандум ворид гардидааст, иттило медиҳад сафорати он кишвар дар Душанбе.

Халтаҳои орд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
СММ барои Тоҷикистон аз Қазоқистон орд мехарад

Тибқи гузориши кумитаи назорати гумрукии вазорати молияи Қазоқистон, ин кишвар дар маҷмӯъ дар соли гузашта ба хориҷ ҳудуди 3 миллиону 133 ҳазор тонна гандуму дигар навъи ғалладона, бо шумули ҷав фурӯхтааст.

Гуфта мешавад, Тошканд аз Остона 1 миллиону 322 ҳазор ва Қирғизистон 254 ҳазор тонна гандум ворид кардаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол ба 1,5 миллион тонна гандуму орд эҳтиёҷ дорад, вале тавлидоти дохилиаш танҳо нисфи эҳтиёҷоташро бароварда месозад.

Дар ҳамин ҳол, нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Душанбе боло рафт ва сокинони пойтахтро, ки бе ин ҳам аз коҳиши қурби пули миллӣ нигарон буданд, боз ҳам нигарон кард. Ҳоло нархи як халтаи 50- килоии орд аз 165 то 200 сомонӣ, як кило шакар аз 5,5 то 7 сомонӣ ва 5 литр равғани растанӣ аз 45 ба 50 — 55 сомонӣ арзиш дорад.  

Лентаи хабарҳо
0