Вазорати молия: камбуди буҷа дар моҳи январ 130 млн сомонӣ аст

© Sputnik / Игорь ЛекаркинБинои Вазорати молияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои Вазорати молияи ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Буҷаи соли 2016 дар Тоҷикистон дар қиёс ба буҷаи як соли пеш 3,3 миллиард сомонӣ бештар аст.

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Тайи моҳи январи соли равон ба буҷаи давлатии Тоҷикистон  наздик ба 130 млн. сомонӣ (муодили 17 млн. $) камтар маблағ ворид шуд, омадааст дар иттилоъияи фаврии Вазорати молияи ҶТ.

Бинои парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Буҷа-2016 дар қиёс ба соли равон 3,3 миллиард сомонӣ бештар аст

Ҳаҷми  умумии буҷа дар моҳи январи соли ҷорӣ 926,7 млн. сомониро ташкил додааст, ки ҳамагӣ ба 87,7%-и нишондиҳандаи нақша баробар аст.

Ба иттилоъи Вазорати молия тайи 11 моҳи соли гузашта ҳаҷми камбуди воридшавии маблағҳо тибқи нақша ба буҷет 3-4%-ро ташкил медод, вале дар моҳи охири соли 2015 ба молиёти кишвар даст дод, ки нақшаи буҷетро 0,5% барзиёд ба иҷро расонанд.

Ҳамзамон, аввали моҳи феврали соли равон дар нишасти хабарии созмонёфта муовини авали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода иброз дошт, ки ахири соли гузашта барои дастгирии буҷети ҷумҳурӣ БОР дар ҳаҷми 60 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард, ки 53,4 млн. доллари ИМА ҳамчун грант ва 6,6 млн. доллари ИМА ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод гардида, боз Иттиҳоди Аврупо низ 6 млн. евро ихтисос дод.

"Кундшавии суръати рушди иқтисод дар кишварҳои шарикони асосии иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистон дар соли гузашта ва коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ ба кам шудани воридшавии воситаҳо ба буҷаи ҷумҳурӣ сабаб гардид",- илова кард ӯ.

Маврид ба ёдоварист, дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷаи давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷаи соли 2015 ҳудуди 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст.  

Лентаи хабарҳо
0