ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Консерти идона таҳти унвони "Чину Тоҷикистон- як хонавода" рӯзи 22 феврали соли равон дар тетатри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад. Дар саҳна овозхонҳои тоҷику чинӣ ва донишҷӯёни ҳар ду кишвар ҳунару фарҳанги миллиашонро пешниҳоди тамошобинон мегардонанд.
Ин чорабинӣ бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Чин дар Душанбе, инчунин маркази "Конфутсий" дар назди ДМТ сурат мепазирад.
Коршиносоне, ки назарашон аз ҷониби Sputnik Тоҷикистон дар ин бора пурсида шуд, дар баргузории чунин ҳамоиши фарҳангӣ ва таҳти чунин унвон ҳеч мушкилеро намебинанд. Ба қавли эшон, Чин барвақт манофеъ ва ҳадафҳои худро дар Тоҷикистон муайяну мушаххас кардааст.
Қабл аз ҳама бояд қайд кард, ки ташаббус аз ҷониби мақомоти давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба ин васила онҳо мехоҳанд эҳтироми худро ба шарики бузурги иқтисодӣ баён созанд.
"Ин ҳушдоре ҳам барои дигар ҳамсояҳо буда метавонад, ҳатто ба Русия низ. Чин ба сарватҳои табии минтақа, ки Тоҷикистон аз он ғанӣ аст, таваҷҷуҳи зиёд дорад",- иброз дошт раиси Шӯрои илмии Донишкадаи кишварҳои ИДМ Андраник Мигранян.
Ин коршинос мегӯяд, Чин ба таври фаъол вориди тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон намешавад, зеро Пекин ба ҳеч ваҷҳ муносибаташро Маскав, бо иттифоқчии аслиаш дар СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай) хатчадор кардан намехоҳад.
Сарвари донишкадаи таҳқиқоти сиёсӣ Сергей Марков бар ин назар аст, ки ояндаи наздик таҳаввулот ва тағйири чашмрасе дар амалкардҳои абарқудратҳо ва ҳамкорони онҳо дар минтақа ба вуҷуд меояд.
"Русия аз ҷумлаи шарикони аслии стратегӣ ва бозингарони асосӣ дар иқтисоди Тоҷикистон мебошад, аммо Чин ҳам нуфузашро дар минтақа бештар карда истодааст. Пекин миллионҳо доллар ба рушди иқтисоди Тоҷикистон сарф мекунад",- қайд кард ӯ.
Ба гуфти ӯ, Русия амнияти Тоҷикистонро таъмин мекунад, аммо беҳтар мебуд ба бахши иқтисоди ин кишвар низ сармоягузорӣ мекард. Сиёсати мақомоти тоҷикро дарк кардан мумкин аст, онҳо бо ҳар ду абарқудрат ҳамкорӣ кардан мехоҳанд.
"Дар ҳоли ҳозир маҳз ҳамин тавр амал бояд кард, дар оянда бознигарии муносибот аз эҳтимол дур нест",- хулоса кард Сергей Марков.