ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Рӯзи якшанбе дар Урумчии Чин маросими оғози амалиёти СВОП, ё мубодилаи асъор миёни пули миллии Тоҷикистон ва юани Чин баргузор шуд.
Тибқи иттилоъи расмӣ, санади марбут ба созишномаи СВОП моҳи сентябри соли равон миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки мардумии Чин имзо шуда буд. Раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ду ҳафта қабл аз ин дар палатаи поёнии парлумони кишвар аснои суханронӣ дар ҳузури вакилон гуфт, ин тадбир шиддати болоравии қурби долларро коҳиш дода, ба соҳибкорони тоҷик дар Чин сабукӣ меорад.
Бо оғоз шудани тавофуқномаи СВОП тоҷирони тоҷик метавонанд бидуни доллар низ аз Чин бо асъори миллии ин кишвар — юан мол харидорӣ кунанд.
Таҷрибаи муомилоти пуливу корӣ бо асъори кишвари сармоягузор, ки бо истилоҳи СВОП маъруф аст, дар иқтисоди ҷаҳон падидаи маъмулӣ аст. Ҷумҳурии мардумии Чин муддатҳо пеш бо даҳҳо кишвар чунин ҳамкориро ба роҳ мондааст. Низоми ин система ин аст, ки Бонки рушди Чин бо маблағи муайян ба бонки рушди давлати ҳамкор қарз медиҳад ва ин пулҳо дар ихтиёри ширкату корхонаҳое гузошта мешавад, ки барои харидории мол дар Чин ба юан эҳтиёҷ доранд.
Маврид ба тазаккур аст, ки юани чинӣ аз назари истифода дар муомилаҳои тиҷоративу молии ҷаҳон баъди фунти бритониёӣ (9%) ба ҷои чорум баромада, 3 дарсади муомилаҳои ҷаҳонро ташкил мекунад.
Додугирифти мол миёни ду кишвар бо усули "СВОП" (додугурифти асъорӣ миёни бонкҳо дар як муддати муайян) сурат мегирад ва дар назар аст, ки Тоҷикистон барои ин кор аз Чин то 500 млн. доллар маблағ (баробар ба 3,1 миллиард юан) дарёфт кунад.
Ҳадаф аз ин амалиёт зиёд кардани захираҳо, баланд бардоштани имконоти содиротӣ, сармоягузории бахши тиҷорат ва дастгирии тавозуни пардохт унвон шудааст.