ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Пулиси иёлати Ню-Ҷерсии Амрико ба кумаки хаткашон, ки бо воситаи мошин номаҳои мардумро мебурд, расида, ӯро аз ҳуҷуми филмурғҳои ваҳшӣ наҷот доданд, иттилоъ медиҳад шабакаи NBC.
Сардори шӯъбаи пушта дар шаҳри Хилсдейл пас аз фаҳмидани ҳолати кормандаш, ки дар иҳотаи мурғони марҷони ваҳшӣ мондааст, ба пулис хабар дод. Ба ҷои ҳодиса ду корманди мақомот ҳозир шуда, индукҳора аз сари роҳи ҳаракати мошини хаткашон берун карданд.
Аз сабаби банд шудани роҳ хаткашон се мактубро ба соҳибонаш расонида натавонист.
Ба иттилоъи шабакаи телевизионӣ, чанд даҳсола қабл аз ин саршумори индукҳои ваҳшӣ коҳиш ёфта, дар ҳолати нобудӣ қарор доштанд. Ҳоло дар Ню-Ҷерсӣ теъдоди филмурғ зиёд шуда истода, марҳалаи барқароршавӣ идома дорад.