Аслов бо Федерика Могеринӣ дар Брюссел мулоқот кард

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкСироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ
Сироҷиддин Аслов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ИА дар Брюссел мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта, Стратегияи миллии рушди ҶТ то соли 2030 манзур гардид.

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳри Брюссеи Белгия мулоқоти хосаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо (ИА) оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ хонум Федерика Могеринӣ баргузор гардид, менависад сомонаи ВКХ ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, меҳвари асосии мулоқот муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Аврупо, аз қабили мавзӯи амният, иқтисодиёт, ҳуқуқи инсон ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказиро дар бар гирифта, илова бар ин ҷонибҳо дар мавзӯи вазъи амният дар Афғонистон ва ҳамкориҳои судманд дар минтақаи Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Аслов дар Брюссел бо Шмид вохӯрд

Ҳамчунин дар ин нишаст бо Могеринӣ доир ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 маълумот ироа гардид.

Доир ба натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Мубодилаи табодули назар сурат гирифта, ҷонибҳо манфиатдории хешро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Ҳамин рӯз дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ширкат варзид. Ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс, ҳамчун намояндаи кишвари раисикунандаи Иттиҳоди Аврупо, роҳбарӣ кард.

Рӯзномаи ҷаласа баррасии ҷанбаҳои калидии шарикӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масоили сиёсӣ ва иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, инчунин проблемаҳои байналмилалӣ ва минтақавиро дарбар гирифт.

Зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ ҷонибҳо рафти рушди ҳамкориҳо миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иқдомҳои оянда оид ба тавсеаи минбаъдаи муносибатҳоро муҳокима намуданд. Самтҳои асосии ҳамкорӣ, ҳолати муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, аз ҷумла татбиқи стратегияи миллии рушд ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, мавзӯи об ва энергетика, масъалаҳо доир ба амнияти сарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, инчунин ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва масоили байналмилалӣ матраҳ гардиданд.

Лентаи хабарҳо
0