Аслов дар Брюссел бо Шмид вохӯрд

© Официальная страница пресс-службы МИД РТ в FacebookСироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Брюссел ҷаласаи панҷуми Шӯрои ҳамкории Тоҷикистон ва ИА доир мешавад ва дар ин ҳамоиш вазъи ҳамкориҳои ҷонибҳо баррасӣ мегардад.

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар Брюссел бо муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии ИА Ҳелга Шмид мулоқот кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКХ ҶТ.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, дар нишасти мазкур доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, изҳори назар намуданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд.

Дар назар аст имрӯз ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи зикргардида Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.

Иттиҳоди Аврупо, ки аз соли 1994 бо Душанбе ҳамкорӣ дорад, аз сармоягузорони аслии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои солиҳои 2014 —2020 барномаи дарозмуддати стратегиеро ба роҳ андохтааст, ки ирсоли 251 миллион евро кӯмакҳо ба Душанберо дар бар мегирад.

Лентаи хабарҳо
0