Даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

© Sputnik / Семиряга / Гузариш ба медиабонкМарзи Тоҷикистону Афғонистон
Марзи Тоҷикистону Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар маҳалли ҳодиса беш аз 58 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Сарҳадбонони тоҷик аз кӯшиши убури мусаллаҳонаи қочоқчиёни афғон ба ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Неруҳои марзбонии КДАМ.

Эмомалӣ Раҳмон Абдуллоҳ Абдуллоҳро ба ҳузур пазируфт. 8 июни соли 2015. - Sputnik Тоҷикистон
Суҳбати Раҳмон бо доктор Абдуллоҳ: аз масоили амниятӣ то марзӣ

"Шаби 14 феврал марзбонони қисми "Ҳамадонӣ" дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ карданд"- омадааст дар иттилоъия.

Ба қавли манбаъ, миёни гурӯҳи 7 нафарии қочоқбарон ва марзбонон даргирӣ сурат гирифта ва қочоқчиёни афғон ба самти Афғонистон фарор кардаанд.

Дар маҳалли ҳодиса 1 килограмм ҳероин, 2 килограмм  бангдона ва беш аз 55 килограмм ҳашиш кашф ва мусодира шудааст.

Аз аввали моҳи январ марзбонони тоҷик 105 марзшиканро боздошт карда, беш аз 120 кило нашъа мусодира намудаанд.

Лентаи хабарҳо
0