ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Бонки ҷаҳонӣ барои лоиҳаи экологӣ ва идораи устувори захоири замину беҳбуд бахшидан ба зиндагонии мардуми рустои Тоҷикистон 2,83 миллион доллари иловагӣ ҷудо мекунад.
Ба иттилоъи дафтари матбуотии БҶ, ин тавофуқ дар ҷараёни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ Патритса Виверс-Картер имзо шудааст.
"Ҷудо кардани 2,83 миллион доллари иловагӣ аз ҷониби Шӯрои директорони иҷроияи Бонки умумиҷаҳонӣ моҳи июни соли 2015 тасдиқ шудааст",- менависад сарчашма.
Ба қавли оқои Виверс-Картер, маблағи иловагӣ имкон хоҳад дод, ки ҷамоатҳои деҳоти бештар ба ин лоиҳа фаро гирифт ашаванд ва аз ин сармоягузорӣ барои идораи захираҳои замин ва рушди кишварзӣ истифода кунанд.
Ин лоиҳа ҳанӯз моҳи октябри соли 2013 дар шаш ноҳияи тобеъи ҷумҳурӣ шурӯъ шудааст. Феълан ин тарҳ дар ноҳияҳои Тавилдара ва Ҷиргатол барои беҳбуд бахшидан ба соҳаи чорводорӣ низ татбиқ мешавад.
Кӯмакҳои иловагӣ доираи фарогирии ин лоиҳаро васеъ карда, дар маҷмуъ аз он метавонанд 162 ҳазор сокин дар ҷамоатҳои деҳоти гуногун истифода ва шароити кории худро дар кишоварзӣ ва чорводорӣ тавсеъа бахшанд.