ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Кӯмаки билоъиваз ба маблағи $13,5 миллион барои беҳбуди кайфияти ироъаи хадамоти шаҳриро Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон рӯзи сешанбе ихтисос додааст, омадааст дар баёнияи БҶ.
"Шаҳракҳои Тоҷикистон вобаста ба хадамоти шаҳрӣ мушкилии зиёде доранд, зеро беш аз 80% зербаноҳои он ба бозсозӣ ниёз доранд", — зикр кардааст раҳбари дафтари намояндании Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патритсия Виверс-Картер.
Маболиғе, ки тавассути ин тарҳи ҷадид ироъа мешаванд, барои беҳбуди обрасонии ин шаҳракҳо, коркарди партовҳо, рӯшании хиёбонҳо ва бозсозии ҷодаҳо истифода мешаванд. Бад ин манзур Сандуқи вижаи хадамоти шаҳрӣ таъсис мешавад, ки дар он сармоягузории давлатӣ ва хусусӣ ба бахши тавсеъаи хадамоти шаҳрӣ гирдиҳам оварда мешаванд.
Ин тарҳ дар шаҳрҳои Ҳисор, Конибодом, Данғара, Сарбанд, Восеъ ва Фархор бо аҳолии умумии беш аз 100 ҳазор нафар ва дар тӯли чаҳор сол иҷро мешавад. Иҷрои ин тарҳ ба корхонаи давлатии "Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ" вогузор шудааст.
Ба ҷуз аз ин тарҳи ҷадид Бонки ҷаҳонӣ барои рушди хадамоти шаҳрӣ ду тарҳи ҷориро низ сармоягузорӣ мекунад. Инҳо "Тарҳи дуввуми обрасонии шаҳри Душанбе" ва "Сармоягузории изофии тавсеъаи зербаноҳои хадамоти шаҳрӣ" мебошанд.
Аҳдофи ин тарҳҳо ҳалли масоили обрасонӣ, тозакунӣ ва коркарди партовҳо тавассути анҷоми ислоҳоти сохторӣ ва сармоягузорӣ ба зербаноҳо мебошанд, омадааст дар хабар.
Феълан Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 21 тарҳро ба маблағи умумии 283,4 миллион доллари ИМА иҷро мекунад. Сармоягузории бештар ба бахши кишоварзӣ (24%), сипас бахши тавсеъаи шаҳрҳо ва рустоҳо (21%), нақлиёт (16%), муҳитзистӣ ва захойири табиъйӣ (7%), маориф (6%), тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (6%), обрасонӣ (6%), бахши хусусӣ (4%), ҳифзи иҷтимоӣ ва меҳнат (1%) анҷом шудааст. Аз соли 1996 Бонки ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллари ИМА ба унвони кӯмакҳои билоъиваз ва қарзҳои боимтиёз аз ҳисоби Сандуқи байналмиллалии эътилофи рушд ва захойир ихтисос додааст.