ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ошкор шудани як гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ иттилоъ дода, ин хабар аз сӯи дафтари матбуотии ин ниҳод паҳн шудааст.
"Дар натиҷаи тафтиши пешакӣ муайян гардид, ки шаҳрванди Афғонистон аз соли 1997 бо аҳли хонаводааш ҳамчун гуреза дар Тоҷикистон ба сар бурда, бо шаҳрванди Тоҷикистон, сокини муваққатии Душанбе барои аз Афғонистон ба Тоҷикистон интиқол додани маводи мухаддир созиш бастаанд",- омадааст дар хабари сарчашма.
Ба иттилоъи КДАМ, дар ин амали ҷиноятӣ ба онҳо қочоқбари афғон бо номи Шоиста кумак намудааст. Гуруҳи мазкур бо роҳи қочоқ 113 бастаи махсус, зиёда аз 70 кило маводи мухаддирро ғайриқонунӣ, бо истифода аз мавзеи сарҳадии Сайроб аз хориҷи кишвар ба ҳудуди Тоҷикистон гузаронидааст.
"Баъд аз гирифтани ин миқдор маводи мухаддир, шаҳрванди Тоҷикистон 23 бастаи онро ба воситаи мошини гурезаи афғон ва нафари ҳамроҳаш бо номи Ҷамшед ба шаҳри Душанбе интиқол доданд.
Ҳамин тавр, кормандони КДАМ ҳар ду қочоқчиро боздошт карда, ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз дохили пинҳонгоҳи махсус 23 бастаи полиэтилениро ошкор ва мусодира намуданд.
Манбаъ меафзояд, дар идомаи чорабиниҳои иловагии фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, кормандони мақомоти амнияти миллӣ аз дохили як махфигоҳ, воқеъ дар деҳаи Сайроби ноҳияи Ҳамадонӣ боз 90 бастаи махсусро бо 50 килограмм маводи мухаддир дарёфту мусодира намуданд.