ВАО: роҳбари салафиҳои Тоҷикистон боздошт шуд

© Flickr \ Tar Sands BlockadeЗавлона
Завлона - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аввали солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайравони равияи Салафия пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори кӯтоҳи аз буҷулаки пой боло аз дигарон фарқ мекарданд, аммо фаъолияти муассири сиёсӣ надоштанд.

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар раҳбари салафиҳои Тоҷикистон Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ, маъруф ба Шайх Маҳмадиро боздошт кардаанд, иттилоъ медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

"Боздоштшуда Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла барои "барангехтани кинаву адовати динӣ", муттаҳам аст",- омадааст дар хабар.

Моҳи январи соли гузашта дар Душанбе кормандони умури дохила аз боздошти 17 нафар, ки ба қавли мақомот роҳбарони ҷараёни табушудаи салафия мебошанд, хабар доданд. Гуфта мешуд, миёни дастгиршудагон Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ низ ҳаст ва аз ӯ ба унвони пешвои салафиҳо ном мебурданд. Рӯзи 16 январ зимни як нишасти матбуотии созмонёфта вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода сару садоҳоро дар ин бора рад карда, эълом дошт, ки дар робита ба ин қазия ҳамагӣ 3 тан аз пайравони салафия боздошт шудаасту бас.

Фатво ва даъвати Шӯрои уламо барои муборизаи беамон бо салафиҳо

Ба қавли наздикони Муҳаммадӣ Раҳматуллоҳ ӯро муддати чанд рӯз дар РКД-и шаҳри Душанбе нигоҳ дошта, баъдтар ба озодӣ баромад.

Пас аз ин, чанд матлаби Муҳаммадӣ Раҳматулло алайҳи ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шуда, дар онҳо ҲНИТ асосан "муздури хориҷиён" дониста шуд.

Ҷонибдорон ва пайравони равияи Салафия тақрибан дар аввали солҳои 2000-ум дар Тоҷикистон ҳузур пайдо карда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд.

Муҳаммадӣ Раҳматулло аз ҷумлаи аввалинҳост,  ки зимни сӯҳбат дар расонаҳо эълон кард, ки ӯ пайрави равияи салафияи ҳаст. Дар сӯҳбатҳояш таъкид мекард, ки ин равия ба мазҳаби Абӯ Ҳанифа наздик аст ва ӯ танҳо бархе паҳлуҳои нозуки онро дар Покистон омӯхтааст.

Дар моҳи январи соли 2009 Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти салафиҳоро манъ кард. Баъди афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати ҷангиёни тоҷик дар ҷангҳои Сурия ва инки аксари онҳо пайравони Салафия будаанд, Додгоҳи олӣ бо як ҳукми дигараш аз 14 декабри соли 2014 ин ҷараёнро "экстремистӣ" эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0