ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе бо судури як фатво бори дигар пайравӣ аз равияи "Салафия", ҳаракати фаъолияташ мамнуъ дар қаламрави кишварро хилофи мазҳаби Абӯҳанифа ва шариати Ислом хондааст, дар ин бора аз Маркази исломӣ дар суҳбат бо Sputnik хабар доданд.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо, иштироки садҳо ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурияву Ироқ, ки ба иддаои масъулини Шӯрои уламо онҳо маҳз бо даъвати мубаллиғини "Салафия" роҳ сӯи ин кишварҳоро пеш гирифтаанд, боис шудааст, то ин фатво содир карда шавад.
"Агар мо имрӯз ғаразҳои ин равияи тундравро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад", — илова кард манбаъ.
Манбаъ мегӯяд, ҳоло Салафиҳои хавориҷ" дар Тоҷикистон дунболаи ҳамонҳое ҳастанд, ки дар дигар кишварҳои исломӣ фаъолият мебаранд. "Ин гурӯҳ миёни мусулмонон тафриқа эҷод карда, одамонеро, ки бо онҳо ҳамақида нестанд, мубтадиъу мушрик ва кофир эълон мекунанд", афзуд манбаъ.
Аъзои Шӯрои уламои Тоҷикистон тамоми мусулмонони кишварро ба муборизаи беамон алайҳи ин равия ва иттиҳод даъват кардаанд.
Равияи "Салафия" дар пайи нигарониҳои зиёди масъулини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ охирҳои моҳи декабри соли гузашта ҳамчун созмони экстримистӣ ё ифротгаро шинохта шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишвар мамнуъ гардид.
Тибқи иттилои ВКД, пайравони "Салафия" ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд бештаранд.
Ҳоло дар баробари ин равия, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, "Ҳизби таҳрир", "Ал-Қоида", "Ҳаркати исломии Туркистони шарқӣ", "Ҳизби исломии Туркистон, (собиқ ҳаракати исломии Узбекситон), ҳаракати "Толибон", ташкилоти "Бародарони мусулмон", ташкилоти "Нашъа-ат таиба", "Ҷамъияти исломии Покистон", "Ҷамъияти Таблиғот", "Ташкилоти динии мисянерҳи созмонии таблиғот", "Тоҷикистони озод", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Гуруҳи 24 ", "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат-ун-нусрат" ҳам созмони террористӣ ва ифротгаро дониста шуда, фаъолияти онҳо бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар манъ карда шудааст.
Ба қавли масъулини Додгоҳи олӣ, ҳадафи ин щизбу ҳаракатҳо гӯиё сарнагун кардани сохти конститутсионии кишварҳо мебошад.