ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд аз тими фаластинии "Аҳлӣ Ал-Халил" мағлуб шуда, аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ФФТ.
"Ҷоизадори нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар бозии плей-оффи Ҷоми КФО- 2016 (AFC-2016) дар варзишгоҳи "Дура" аз бошгоҳи фаластинии "Аҳлӣ Ал-Халил" бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт",- омадааст дар хабар.
Ин бозӣ шаби сешанбеи гузашта дар шаҳри Ҳеврон баргузор шуд, голи ягона ва ҳалкунандаро Маҳмуд Вадӣ дар дақиқаи 22-юм ба нишон расонд.
Ҳамин тавр, тими "Аҳлӣ- Ал- Халилӣ" соҳиби роҳхат ва дастаи "Хуҷанд" аз ҳаққи ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 маҳрум шуд.
Дастаҳои дигари Осиёи Марказӣ- "Алай"-и ҷумҳурии Қирғизистон ва "Балкан"-и Туркманистон низ ба сабқати гуруҳӣ роҳ наёфтанд.
Қаҳрамони Қирғизистон дар Лубнон бозиро бо тими маҳаллии "Триполӣ" бохт. Вақти асосӣ бо ҳисоби мусовии 0:0 анҷом ёфта, аммо аснои задани силсилатӯбҳои ҷаримавии ёздаҳметра (пеналтӣ) бартарӣ ба нафъи соҳибони майдон буд. Бозӣ бо ҳисоби 7:6 анҷом ёфт.
Дастаи "Балкан"-и Туркманистон дар рақобат бо "Ал-Ваҳда"-и Сурия бо натиҷаи 0:2 мағлуб гашт.