Консулгарии генералии ҶТ дар Санкт-Петербург фаъол мешавад

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкИстгоҳи Маскав дар шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ
Истгоҳи Маскав дар шаҳри Санкт-Петербург. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар назар аст, ки имсол дар баробари ду кишвари дигар дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ шавад.

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Намояндаи вазорати хориҷаи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург Владимир Запевалов, ки масъулияти умури идораҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар ин шаҳрро бар ӯҳда дорад, иброз дошт, ки қарор аст соли равон дар пойтахти шимолии ФР се кишвари дигар — Мексика, Ямайка ва Тоҷикистон — консулгариҳои генералии худро боз кунанд.

Навбатпоии муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Кӯлоб: 57 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Санкт-Петербург мераванд

"Дар масъалаи ифтитоҳи консулгарии генералӣ Тоҷикистон талоши бештаре дорад ва шояд ҳамин сол консулгарии ҶТ дар Санкт-Петербург ба фаъолият оғоз кунад",- илова кард Запевалов.

Дар ҳоли ҳозир дар Петербург 29 консулгарии генералии кишварҳои хориҷӣ, 29 консулгарии ифтихорӣ ва 4 шӯъбаи сафоратхонаҳо амал мекунанд. Аз соли 2010 дар ин шаҳр консулгарии ифтихории Тоҷикистон низ ба раҳбарии Назар Мирзода, устоди Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург фаъол аст.

Ба иттилоъи расида, дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 86 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ва то 4500 зодаи Тоҷикистон, ки аллакай соҳиби шаҳрвандии Русия шудаанд, кору зиндагӣ мекунанд. Бештари онҳо дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ва дар бозору амборҳои меваву сабзавоти ин шаҳр кор мекунанд.

 

Лентаи хабарҳо
0