Кӯлоб: 57 ҳазор муҳоҷири корӣ ба Санкт-Петербург мераванд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкНавбатпоии муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ
Навбатпоии муҳоҷирон барои дарёфти иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кордиҳандагон аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия шарт гузоштаанд, ки қабл аз даъват кардани муҳоҷирон, тариқи интернет бо эшон ҳамсуҳбат хоҳанд шуд, то забондонии муҳоҷиронро биозмоянд.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Хадамоти шуғли аҳолии Санкт-Петербурги вилояти Ленингради Русия ба ҷалби муҳоҷирони корӣ аз шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон оғоз кард ва қасд дорад то 57 ҳазор муҳоҷирро аз ин минтақа бо кор таъмин намояд, хабар менависад сомонаи Хадамоти муҳоҷират

Ин Хадамот, ки ҳамакнун дар шаҳри Кӯлоб намояндагӣ ё маркази машваратӣ боз кардааст, муроҷиати даҳҳо ҷавонро барои кор дар он шаҳр ва вилояти Русия пазируфтааст.

Муҳоҷирони қубодиёнӣ имтиҳони забони русиро бомуваффақият супориданд

Ба ин тартиб, ҳуҷҷатгузорӣ барои муҳоҷират ба Петербург ва дар маҷмӯъ ба вилояти Ленинград тариқи Интернет сурат гирифта, ҳар муҳоҷире, ки ба кор даъват мешавад, аввал аз тариқи "Скайп" бо корфармо ҳамсӯҳбат мешавад. Ин шароитро намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии Петербург дар Кӯлоб барои алоқамандон фароҳам мекунад.

Аз ин тариқ, корфармо забондонӣ ва кордонии муҳоҷирро месанҷад ва танҳо пас аз ин ба ӯ даъватномаи расмӣ мефиристад.

Дар ҳамин ҳол, Саидаҳмад Пириев, сардори Раёсати шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ин робита ба Радиои Озодӣ   гуфтааст, "ин намояндагӣ дар чорчуби созишномаи дуҷониба миёни вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург таъсис ёфта, ҳадафаш ҷалби нирӯи корӣ аз минтақаи Кӯлоб аст".

Ба гуфтаи ҷаноби Пириев, намояндагии Хадамоти шуғли аҳолии Петербург дар Кӯлоб як ҳафта муқаддам ифтитоҳ ва ҳамакнун корҳо ҷиҳати ҷалби ҷавонон барои кор дар он шаҳри Русия оғоз шудааст.

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода - Sputnik Тоҷикистон
Вазорат: Куриёи ҷанубӣ барои муҳоҷирони корӣ ҷойгузини Русия мешавад

"Ҳозир мо ҳаминро назорат дорем. То панҷ моҳ бояд мо мутахасисоне, ки диплом доранд, аввал онҳоро равона созем ва баъдан оҳиста-оҳиста дигаронро низ дар Маркази калонсолон таълим дода, соҳиби сертификат ё диплом намуда ба онҷо равона месозем", — илова кардааст Пириев.

"Озодӣ" хабар медиҳад, тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират, муддати шаш моҳи ахир 28 ҳазор аз сокинони Кӯлоб аз муҳоҷират баргаштаанд.

Ба иттилои намояндагии хадамот, дар муддати кӯтоҳе ҳудуди 500 нафар аз сокинон барои кор дар Санкт — Петербург муроҷиат карда ва аз ин теъдод санадҳои 100 нафари онҳо ба Хадамоти шуғли аҳолии он вилоят фиристода шудааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Расулов, Хадамоти шуғли аҳолии вилояти Ленинград дар қаламрави худ имкони бо ҷойи кор таъмин кардани 57 ҳазор муҳоҷирро дорад.

Лентаи хабарҳо
0