Бинои 17 ошёна дар заминларзаи Тайван валангор шуд

Обуна шудан
Дар қисмати ҷанубии ҷазираи Тайван бар асари заминҷунбӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Наҷотдиҳандагон барои наҷоти ҷони 120 каси дигар, ки зери харобаҳои бино мондаанд, талош доранд.

Дар заминҷунбии шадиди ҷазираи Тайван ҳадди аққал 34 кас ба ҳалокат расида, 515 тани дигар захмҳои мухталиф бардоштанд. Дар ин бора 7 феврал Оҷонсии марказии иттилоотии Тайван (CNA) хабар дод.

Ҳоло 600 наҷотдиҳанда барои наҷоти ҷони 120 одам, ки зери харобаҳои бино мондаанд, талош мекунанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА заминларзаи магнитудааш 6,4 (бо ҳисоби аввалия 6,7) дар қисмати ҷанубии ҷазираи Тайван ба вуқӯъ пайваст. Такони замин шаби ҷумъа дар соати 22.57 бо вақти Маскав (субҳи шанбе соати 03:57 бо вақти маҳаллӣ) дар 25 километрии ҷануби шаҳри Юйтсзин ба вуқӯъ пайваст. Манбаъи заминларза дар қаъри 10 километри замин воқеъ буд.

 

Лентаи хабарҳо
0