ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тафтиши парвандаи Наҷмиддин Саидов, роҳбари филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва ҳамзамон бародари Абдуфаттоҳ Ғоиб, ки моҳи октбяри соли гузашта боздошт ва баъдан раҳо шуда буд идома дорад, иттилоъ дод имрӯз дар нишасти матбуотӣ муовини Додситони кулли ҶТ Муҳаммадиброҳим Осимзода.
Ба қавли ин масъули Прокуратураи генералӣ, алайҳи Саидов бо иттиҳоми "қаллобӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиши он идома дорад.
Бояд гуфт, расонаҳои Тоҷикистон 16 октябри соли гузашта аз боздошти Наҷмиддин Саидов, раҳбари филиали "Тоҷиксодиротбонк" дар ноҳияи Данғара ва бародари Абдуфаттоҳи Ғоиб, сардори Хадамоти гумрук ва раҳбари пешини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти амниятии кишвар хабар дода буданд, ки алъон парвандаашро додситонӣ тафтиш мекунад.
Ҳамон вақт дар мақомот хабари мазкурро тасдиқ карда, гуфтанд, ки ӯ барои миёнаравӣ ба муомилоти калон ва қаллобӣ муттаҳам мешавад. Тибқи иттилоъи расида, Саидов барои ба як мансаб таъин кардани шаҳрванде гӯё 400 ҳазор доллар талаб карда будааст ва нисбаташ бо дастрасии моддаи 247 Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.
Аммо дертар хабарҳое паҳн шуданд, ки Наҷмиддин Саидов бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 19 октябр бо пардохти 5 ҳазор нишондиҳанда, муодили 200 ҳазор сомонӣ аз боздошт раҳо гардид.