Парлумони ҶТ тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни матбуотро напазируфт

Обуна шудан
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳоро ба қонуни матбуот, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанг таҳия шудааст, напазируфт.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Маҷлиси намояндагони ҶТ тарҳи тағйиру иловаҳои баҳсбарангезро, ки Вазорати фарҳанг ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" пешниҳод намуда буд, қабул накард.

"Ҳоло барои бозбинии ин тарҳ як комиссияи вижа таҳти роҳбарии вакили парлумон Абдуҷаббор Азизӣ таъсис шудааст ва баъд аз ниҳоӣ шудани лоиҳа дубора ба баррасии он шурӯъ хоҳанд кард",- иброз дошт раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров.

Парлумони Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тарҳи тағйири қонуни ҳизбҳо ба парлумон ироа мешавад

Номбурда бо ишора ба нигарониҳои хабарнигорон ва ҷомеъаи журналистӣ гуфт, ҳоло ҷое барои нигаронӣ намондааст.

Ба қавли Зуҳуров, нуктаи баҳсбарангези ин тарҳ, ки ба Вазорати фарҳанг ҳақ медод бо дархости додситони кулл фаъолияти расонаҳоро барои се моҳ қатъ кунад, лағв гардид.

Ин мавзӯъ мисли ҳар аризаи дигари сокинон дар додгоҳ баррасӣ хоҳад шуд, тарҳи тағйиру иловаҳо барои бознигарӣ баргардонида шудааст, афзуд ӯ.

Дастгоҳи идораи ТВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: гузаштан ба пахши рақамии ТВ дар ҶТ то соли 2020 ба таъхир афтод

Ҳамзамон, вазири фарҳанги Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода, ки масъули сабти номи расонаҳост, дар ҳузури вакилон гуфт, ҳадаф аз қабули тарҳи иловаҳо ба қонуни матбуот ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳо аст, на бастани нашрияҳо ва фишор ба расонаҳои мустақил.

Бояд гуфт, чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон ба қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма" як силсила тағйиротеро пешниҳод карда, як банди махсус дар бораи тартиби боздошти фаъолияти расонаҳоро илова карда буд.

Бар асоси ин тағйирот, ки ҳоло парлумон онро напазируфт, ба додситони кулл ва додситонҳои тобеъи ӯ иҷоза дода мешуд, ки барои рафъи қонуншиканиҳо аввал ба расонаҳо амри хаттӣ бидиҳанд ва дар сурати риоя нашудани ин амр барои қатъи фаъолияти расонаҳо дархост фиристанд.

Қонун дар бораи "Матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" соли 1990 тасвиб шуда, то имрӯз ба он 6 бор тағйиру иловаҳо ворид шудааст.  

Лентаи хабарҳо
0