ВАО: гузаштан ба пахши рақамии ТВ дар ҶТ то соли 2020 ба таъхир афтод

© Sputnik / Сергей ПивоваровДастгоҳи идораи ТВ. Акс аз бойгонӣ
Дастгоҳи идораи ТВ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гузариш ба пахши рақамӣ барномаи умумиҷаҳонӣ аст, ки бар асоси "Нақшаи минтақавии пахши рақамии Иттиҳоди байнулмилалии робитаи электронӣ" роҳандозӣ шудааст, аммо барои комилан фаро гирифтани қаламрави Тоҷикистон бо пахши диҷитол на кам аз 5 соли дигар зарур аст.

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Барномаи давлатии гузаштан ба пахши рақамии телевизионҳо, ки қарор буд соли 2015 пурра амалӣ шавад, барои панҷ соли дигар ба таъхир афтод, менависанд расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон.

Қарор буд, ин барнома соли 2015 анҷом ёбад, аммо ширкати "Телерадиком"-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон мегӯяд, ки бинобар 93 дарсад кӯҳистон будани Тоҷикистон натавонистаанд, ин барномаро дар вақташ анҷом диҳанд.

"То ҳанӯз ҳудуди 55 дарсади ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ фаро гирифта шуда, иҷрои ин барнома ҳанӯз ҷараён дорад. То охири ҳамин сол имкон дорад 60 дарсади аҳолии кишвар бо пахши рақамӣ фаро гирифта шаванд",- иброз доштааст муовини раиси ширкати "Телерадиоком" Исфандиёри Саъдулло.

Телевизор - Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои бадеӣ муҳтавои барномаҳои ТВ-ро назорат мекунад

Ба қавли ӯ, сабаби аслии ба дарозо кашидани иҷрои барномаи гузаштан ба пахши рақамӣ ба камбуди молӣ ва адами дастгоҳи мавҷфиристандаи рақамӣ дар кишвар рабт дорад.

Гузариш ба пахши рақамӣ як барномаи умумиҷаҳонӣ аст, ки бар асоси "Нақшаи минтақавии пахши рақамии Иттиҳоди байнулмилалии робитаи электронӣ" роҳандозӣ шудааст. Ин созмон ба кишварҳои ҷаҳон, Созишномаи минтақавии «Женева — 2006» — ро пешниҳод кард, ки аз сӯи 119 кишвари ҷаҳон ба имзо расид ва Тоҷикистон онро 16 июни соли 2006 имзо кардааст.

Тибқи иттилоъи расмӣ дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 4 шабакаи давлатии саросарӣ ("Ҷаҳоннамо", "Шабакаи аввал", "Сафина", "Баҳористон") ва 3 шабакаи маҳаллии давлатӣ («Суғд», «Бадахшон», «Пойтахт») ва 27 телевизиони мустақил фаъолият мекунанд. Қарор аст, аз моҳи январи соли 2016 ду шабакаи нав — "Синамо" ва "Варзиш" дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кунанд.

Лентаи хабарҳо
0