ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки Русия Павел Астахов дар мавриди тамоми ҳаводиси марбут ба кӯдакон, аз ҷумла қазияи навраси 14-сола аз Тоҷикистон ба раисҷумҳур Владимир Путин гузориш додааст, мегӯяд сухангӯи президент Дмитрий Песков.
"Астахов ҳамеша дар бораи ҳаводиси марбут ба кӯдакон ба раисҷумҳур гузориш медиҳад", — гуфтааст Песков дар посух ба суоли ин ки Астахов оё қазияи аз модар ҷудо кардани навраси 14-солаи тоҷикро бо Путин дар миён гузошта буд ё не.
Кормандони пулиси шаҳри Маскав дар доираи амалиёти "Бесаробон" як навраси тоҷикро аз модар ҷудо карданд.
"Кӯдаки 14-солаи тоҷик замоне боздошт шудааст, ки ҳамроҳи модараш дар яке аз кучаҳои пойтахти Русия қадам мезад", — гуфта буд раиси Маркази мутобиқшавии кӯдакони гурезаҳои Русия Олга Николаенко дар шарҳи боздошти наврас.
Хонавода нусхаи тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба ҷуз нусхаи аслии шаҳодатнома бо худ доштанд. Аз ин рӯ, ин наврас барои ташхис ба беморхона интиқол дода шуд ва интизор меравад, баъд аз он ба хонаи кӯдакон супурда шавад.
"Насим ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор дорад. Мутаассифона, ӯ рӯзҳои ҷашнии Соли навро дар ин беморхона пешвоз хоҳад гирифт. Зеро ба иттилои мо, ӯ бояд 7 рӯз дар онҷо бимонад. Албатта, агар то ин вақт модараи ӯ шаҳодатномаи таваллудашро ба мақомот пешниҳод накунад", афзуда буд Карев.
Ин навраси тоҷик ҳангоми боздошт бо худ танҳо шиносномаи хориҷӣ дошт, ки дар он падару модари ӯ гуфта нашудааст. Аз ин рӯ, ӯ аз сӯи маъмурини пулис ҳамчун бесаробон боздошт гардид.
Аммо бо дахолати масъулини сафорати Тоҷикистон дар Русия ва ваколатдори ҳуқуқи кӯдаки ин кишвар навраси тоҷик дубора раҳо гардид.