Эҳтимол дорад, Насим Соли навро дар беморхона пешвоз гирад

© Sputnik / Евгений Самарин / Гузариш ба медиабонкДар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ
Дар шуъбаи эҳёгарӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пулиси Маскав то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст ва аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки ба хотири ҳамроҳаш набудани шаҳодатнома аз модар ҷудо карда шуд, эҳтимол дорад, Соли навро дар беморхона пешвоз гирад, гуфт як фаъоли ҷомеаи маданӣ Андрей Карев дар суҳбат бо Sputnik.

Кормандони пулиси шаҳри Маскав дар доираи амалиёти "Бесаробон" як навраси тоҷикро аз модар ҷудо карданд.

"Кӯдаки 14-солаи тоҷик замоне боздошт шудааст, ки ҳамроҳи модараш дар яке аз кучаҳои пойтахти Русия қадам мезад", — гуфта буд раиси Маркази мутобиқшавии кӯдакони гурезаҳои Русия Олга Николаенко дар шарҳи боздошти наврас.

Пулис риояи қонуни муҳоҷиратро тафтиш дорад - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: пулиси Маскав тифли тоҷикро аз модараш ҷудо кард

Хонавода нусхаи тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро ба ҷуз нусхаи аслии шаҳодатнома бо худ доштанд. Аз ин рӯ, ин наврас барои ташхис ба беморхона интиқол дода шуд ва интизор меравад, баъд аз он ба хонаи кӯдакон супурда шавад.

"Насим ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор дорад. Мутаассифона, ӯ рӯзҳои ҷашнии Соли навро дар ин беморхона пешвоз хоҳад гирифт. Зеро ба иттилои мо, ӯ бояд 7 рӯз дар онҷо бимонад. Албатта, агар то ин вақт модараи ӯ шаҳодатномаи таваллудашро ба мақомот пешниҳод накунад", афзуд Карев.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, модари Насим дирӯз бо пешниҳоди нусхаи шаҳодатномаи таваллуд талош кардааст, фарзандашро аз беморхона бигирад. Аммо масъулини беморхона нусхаи аслии шаҳодатномаро талаб кардааст.

"Ҳатто ба ӯ иҷоза надодаанд, фарзандашро бубинад. То ҷое медонам, нусхаи шаҳодатнома аз расмиёти ҳуқуқӣ нагузаштааст ва кормандони нотариус ҳам бидуни нусхаи аслиаш зери он имзо намегузоранд. Дар ҳоли ҳозир модари Насим бо ҳуқуқшиносҳои худ машварат дорад, ки чӣ кор кунанд", — афзуд ӯ.

Пулиси Маскав то ҳол ин қазияро шарҳ надодааст.

Лентаи хабарҳо
0