ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Шумори аҳолии замон то 1 январи соли 2016 наздик ба 7,3 миллиард нафар хоҳад расид, иттилоъ медиҳад Идораи омори ИМА.
Ба иттилои манбаъ, то 1 январи соли равон теъдоди аҳолии замин ба 7 миллиарду 295 миллиону 889 ҳазору 256 нафар мерасад, ки афзоиши солонаи он 78 миллион ё 1,08%-ро ташкил медиҳад.
Шумори аҳолии ИМА то 1 январи соли оянда ба 322 миллиону 762 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки афзоиши солонаи он 2,47 миллион ё 0,77% мебошад. Аз соли 2010 то ба ҳол теъдоди сокинони ИМА 14 миллион зиёд шудааст.
Миёни кишварҳои чаҳон аз рӯи шумори аҳолӣ Чин дар мақоми аввал қарор дорад, ки 1,367 миллиард нафарро ташкил медиҳад. Дар мақоми дуюм Ҳиндустон (1,252 миллиард), ИМА, Индонезия, Брозилия, Покистон, Нигерия, Бангладеш қарор доранд. Русия аҳолии 142 миллиону 423 ҳазор нафарии худ дар мақоми 9-ум ҷойгир аст.