Иқдоми солинавии "Барқи тоҷик": 1,5 рӯз пурра барқ хоҳед дошт

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкБарқ дар хонаҳо
Барқ дар хонаҳо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имсол дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз 18 октябр расман маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Ҳарчанд сокинон даҳҳо рӯз пеш аз ин сана аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Бахшида ба Соли нав маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони кишвар барои ду рӯз лағв мешавад, хабар додааст ширкати "Барқи тоҷик".

Ба иттилои манбаъ, давоми тақрибан ду рӯз, аниқтараш аз соати 06:00 субҳи 31 декабр то соати 23:00-и 1 январ интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии кишвар маҳдуд нахоҳад шуд.

Хуроки шоми сокинони рустоҳои Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ шуд

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" гуфтаанд, шурӯъ аз 2 январи соли оянда барқ ба сокинони деҳоти кишвар дубора тибқи реҷа интиқол хоҳад ёфт.

Тоҷикистон ҳамсола дар фасли сармо бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯ мешавад. Барои таъмини пурраи аҳолии кишвар бо барқ дар фасли сармо тақрибан 2,5 миллиард киловат соат барқ лозим аст. Ин нишондод бештар аз ҳаҷми нерӯи барқи истеҳсол ва содиротшаванда аз Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, ҳар сол аз моҳи октябр то моҳи май дар интиқоли нерӯи барқ ба саросари кишвар маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Танҳо дар баъзе аз шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумла Душанбе ва баъзе аз навоҳии Тоҷикистон, ки дорои неругоҳҳои хурди барқиянд, 24 соат нерӯи барқ дода мешавад.

Имсол дар интиқоли нерӯи барқ ба сокинони рустоҳои Тоҷикистон аз 18 октябр расман маҳдудият ҷорӣ шуда буд. Ҳарчанд сокинон даҳҳо рӯз пеш аз ин сана аз қатъ шудани барқ шикоят доштанд.

Ба қавли масъулини "Барқи тоҷик", ҳоло сокинони рустоҳои Тоҷикистон рӯзона аз соати 05:00 до 10:00 ва бегоҳӣ аз соати 17:00 то 22-00-и шаб нерӯи барқ хоҳанд дошт. Дар умум дар як шабонарӯз ба сокинони деҳот 10 соат нерӯи барқ дода мешавад.

Лентаи хабарҳо
0