Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба сарбозон аз ҷониби президент

© Sputnik / Амир ИсаевСарбозони артиши Тоҷикистон бо парчами кишвар. Акс аз бойгонӣ
Сарбозони артиши Тоҷикистон бо парчами кишвар. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар кулли ҷузву томҳои низомӣ ва қисмҳои ҳарбӣ аз номи раисҷумҳур барои афсарону сарбозон дастурхони идона густурда шуда, туҳфаҳо тақдим гардиданд.

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.  Дар арафаи Соли нави мелодӣ, аз ҷониби президент  Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми сарбозони Вазорати мудофиа ва фарзандони хизматчиёни ҳарбии ин ниҳоди қудратӣ туҳфаҳои гуногуни солинавӣ расонида шуданд, иттилоъ доданд ба Sputnik дар дафтари матбуотии ВМ ҶТ.

Вазорати маорифи ҶТ: оростани арча дар муассисаҳои таълимӣ манъ аст

Барои расонидану тақсим намудани туҳфаҳои солинавии раисҷумҳур бо фармони вазири мудофиа  комиссия ташкил шуд, ки шахсони мутасаддӣ то шоми 29 декабри сол онҳоро пурра ба сарбозон расониданд. Ба ғайр аз ин, ба оилаҳои камбизоат, бепарасторон, ятимон, оилаҳои хизматчиёни ҳарбии фавтидаи вазорат низ кумак ироа гардид.

Маврид ба ёдоварист, ҳамасола новобаста аз иду ҷашнҳо нисбат ба хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногун таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар самти беҳдошти таъминот бо лавозимоти моддиву таълимӣ ва дигар шароити маишиву фароғатӣ корҳои зиёдеро пайваста амалӣ менамоянд.

Дар баробари расонидани туҳфаҳои солинавӣ, инчунин бо фармони вазири мудофиаи ҶТ дар тамоми қисмҳои низомии ин ниҳоди қудратӣ дастурхони идонаи солинавӣ, базмҳои консертӣ, вохӯриҳои гуногун ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ ба роҳ монда мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0