ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оростани арчаи соли навӣ дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии кишварро манъ кардааст, дар ин бора дар фармоиши вазири маориф ва илм Нуриддин Саид омадааст.
"Дар арафаи таҷлил аз Соли нав зиёфатороиву туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ ва дар тарабхонаҳо ташкил намудани чорабиниҳои солинавӣ қатъин манъ аст", гуфтааст ҷаноби Саид.
Тибқи фармоиши мазкур, дар муассисаҳои таълимии миёнаву олии Тоҷикистон бояд аз 25 декабри соли равон то якуми январи соли 2016 шахсони масъул навбатдорӣ ташкил кунанд
"Оид ба масъалаи амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятии зиддисӯхтор дар муассисаҳо чораҷӯӣ карда, дар хусусӣ таҷлили Соли нав аз ҷониби хонандагону омӯзгорон тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд", — таъкид кардааст вазири маориф ва илми кишвар.
Раҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба масъулини муассисаҳои таълимӣ тавсия додааст, зимни баргузории чорабинии солинавӣ баргузории маҳфилҳои адабию фарҳангӣ, таҳияи рӯзномаи деворӣ ва бозиҳои варзишӣ ба роҳ монда шавад.