ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Дар Роғун чорабинии ҷамъбастӣ бахшида ба Соли оила баргузор гардида, дар он раиси шаҳр Шарифзода Шариф Файз ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз ҳукумати ин минтақа.
"Дар шаҳри Роғун дар ҳошияи сиёсати феълии кишвар ғамхорӣ ба оилаҳои ҷавон, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон минбаъд низ идома ёфта, ба занону модарон ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеъа ва идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ аҳамияти махсус зоҳир мешавад",- иброз дошт оқои Шарифзода.
Инчунин, дар чорабинии мазкур оилаҳое, ки зиёда аз 50 сол зиндагии хушбахтона доштанд, ба ҷавонон барои хушбахт гардидану мустаҳкамии оилаҳояшон маслиҳатҳои судбахш доданд.
Бар пояи омори расмӣ соли равон дар шаҳри Роғун 4017 оила зиндагӣ дошта, аз ин 172 оила камбизоат, 121 оила маъюб, 48 оила ҷудошуда буда, 350 ақди никоҳ ва 33 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати шаҳри Роғун ба оилаҳои намунавӣ диплому туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.