Идораи СҲШ: никоҳ кам, аммо талоқ зиёд шудааст

© Flickr \ Aaron AlexanderҲамсарони ҷавон. Акс аз бойгонӣ
Ҳамсарони ҷавон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон вайроншавии оилаҳо камтар шуда, дар бештари ҳолат ҷудошавии ҳамсарон тариқи додгоҳ сурат мегирад, ҳамзамон никоҳи шаҳрвандон низ моил ба коҳиш аст.

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар нимсолаи аввали соли равон 4599 ҳолати вайроншавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиё ба ҳамин давраи як соли қабл 124 ҳолат зиёдтар мебошад, иброз дошт сардори Раёсати СҲШ вазорати адлия Саодат Сироҷзода дар ҳузури хабарнигорон.

Сабаби асосии ҷудошавии оилаҳор ӯ дар фарзанддор нашудан, майзадагии яке аз ҳамсарон, муҳоҷирати меҳнатӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва равонӣ, инчунин таҳти мурофиаи додгоҳӣ қарор доштани яке аз ҷонибҳо шарҳ дод.

"Фақат 1,5 ҳазор ҳолати талоқ ба таври мусолиматомез анҷом ёфт, боқимонда тариқи додгоҳ ва баҳсҳои судӣ ҳалли худро ёфтанд",- қайд кард Сироҷзода.

"Дар баробари ин, ба қавли вай, дар соли равон теъдоди бунёди оилаҳои нав камтар ба назар расид.  Дар маҷмӯъ 33 ҳазору 384 ҷуфт хонадор шудаанд, ин дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 515 ҳолат бештар нисбат ба ин давра сабти ном шуда буданд",- изҳор дошт Сироҷзода.

Сардори Раёсати ВА гуфт, вақтҳои ахир бунёди оилаҳои бе қайди расмӣ зиёд шудааст ва инро аз даъвоҳои рӯёнидани алимент барои фарзандон мушоҳида менамоем, аммо дар мавриди теъдоди аниқи чунин омор мавсуф чизе нагуфт.

Лентаи хабарҳо
0