“Гузоришгарони бидуни марз”: ҳалокати 110 хабарнигор дар соли 2015

© wikipedia.org/Mstyslav ChernovЖурналист. Акс аз бойгонӣ
Журналист. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар соле, ки сипарӣ мешавад, 110 намояндаи ВАО аснои ифои вазифа кушта шудааст. Кишвари аз ҳама хатарнок барои журналистон тайи се соли ахир Сурия эътироф мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Тайи як соли ахир 110 корманди ВАО, аз ҷумла 67 хабарнигор аснои иҷрои рисолати касбиашон кушта шудаанд, иттилоъ медиҳад созмони "Хабарнигорони бидуни марз" (RSF).

Гузориши ин ташкилоти байналмилалии журналистӣ, ки мақараш дар Порис мебошад, имрӯз, 29 декабр нашр шуд.

Шумораи ҷадиди “Charlie Hebdo” дар Париж субҳи барвақт ба фурӯш рафт

Соли саввум аст, ки Сурия хатарбортарин кишвар барои рӯзноманигорон шинохта мешавад. Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки дар ин кишвар амал мекунад, масъулияти куштори 40 дар сади ҳама хабарнигорони ҷонбохтаро бар дӯш дорад, гуфта шудааст дар гузориши "Хабарнигорони бидуни марз".

Ба феҳристи кишварҳои барои хабарнигорон хатарнок Ироқ, Бразилия, Бангладеш, Судони Ҷанубӣ ва Яман ҳам шомил шуданд. Дар ҳар яке аз ин кишваро панҷ хабарнигорӣ ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расидаанд.

Дар гузориш ҳамчунин 43 ҳодисаи ҳалокати мармузи хабарнигорон низ оварда шудааст.

Аз ин пеш Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар бораи ҳалокати 69 корманди расонаҳо ҳангоми иҷрои вазифаашон хабар дода буд. Ба иттилои ин созмон, 29 хабарнигорон аз сӯи тундравони гурӯҳҳои исломӣ кушта шудаанд.

Ба рӯйхат ҳашт корманди маҷаллаи фаронсавии "Charlie Hebdo"  ҳам шомиланд, ки моҳи январ ҳангоми ҳамла ба дафтари ин маҷалла дар Порис ҷон бохтанд.

 

Лентаи хабарҳо
0