ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Миқдори шумораи ҷадиди маҷаллаи Charlie Hebdo, ки дар саҳифаи аввалаш танз ба пайёмбар Муҳаммад мунташир шудааст, дар дӯконҳои рӯзномафурӯшии Париж субҳи барвақт анҷом ёфтанд, хабар медиҳад РИА Новости.
Шумораи ҷадиди ҳафтаномаи танзи фаронсавӣ нахустин баъд аз ҳамлаи хунини террористӣ дар дафтари кории ин маҷалла буд.
Дар сафҳаи аввали он акси Муҳаммад пайёмбар мунташир шудааст. Дар назари хонандагон вай ошуфта ва либоси сафед зуҳур карда ва дар дасташ шиъори Je suis Charlie ("Ман Шарли") дошта истодааст. Болои сари пайёмбар навиштаҷоти дигаре ҳаст: Tout est pardonne ("Ҳама бахшида шуд").
"Ман имрӯз 40 нусха гирифтам ва аллакай ягон дона намондааст. Пагоҳ биёед — ваъда карданд, ки рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа нусхаҳои изофӣ меоранд. Барои харидории ин маҷалла ҳеҷ маҳдудияте нест — шумо метавонед даҳ нусха ҳам харидорӣ кунед", — гуфт фурӯшанда.
Ҳафтаи гузашта дар пайи чанд ҳамалоти террористӣ дар Париж 17 нафар, аз ҷумла се нафар корманди пулис кушта шуданд.
Дар ҷараёни як амалиёти пулис се нафар муттаҳамон кушта шуданд. Як нафар муттаҳами дигар, ки Ҳаят Бумедден ном дорад, тибқи иттилоъи расонаҳо тавонистааст ба Сурия фирор кунад.