ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар бинои баландошёнаи шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25 сӯхтор ба амал омада, дар пайи он як бону ба ҳалокат расида, фарзандонаш осеб надидаанд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.
"29 декабр, соати 07:05 дар бинои баландошёна воқеъ дар кӯчаи Шотемури пойтахт оташсӯзӣ ба вуқӯъ пайваст",- омадааст дар иттилоъияи ин ниҳод.
Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонҳо муайян карда шуд, дар дохили хонаи оташгирифта соҳибхоназан Раҳимова Суфия Зикриолоевна соли таваллудаш 1970, духтараш Раҳимова Суман соли таваллудаш 1995 ва писари соҳибхоназан Ҳаётов Мустафо соли таваллудаш 2010 дармондаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш бароварда шуданд. Аммо соҳибхоназан Раҳимова Суфия дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои оташнишонҳо, сӯхтор масоҳати 3 метри мураббаъро фаро гирифта, пеш аз паҳншавӣ ба дигар ҳуҷраҳои зист, дар соати 07:37 хомӯш карда шуд.
Мутахассисони Хадамоти оташнишонӣ сабаби сӯхторро расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ арзёбӣ мекунанд.