Дар миёни осебдидагони сӯхтор дар Москав атбоъи тоҷик низ ҳастанд

© Sputnik / Руслан КривобокОташсӯзӣ. Акс аз бойгонӣ
Оташсӯзӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилоъи ниҳодҳои интизомии Москав, ҳангоми оташсӯзӣ дар Донишгоҳи пизишкии ба номи Пирогов донишҷӯён аз Гана, Руанда, Серра-Леоне, Малайзия, Туркманистон ва Тоҷикистон осеб дидаанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар миёни осебдидагони оташсӯзӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи миллии пизишкии пажӯҳишии Русия ба номи Пирогов шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба манбаъ дар ниҳодҳои интизомии шаҳри Москав.

"Донишҷӯён аз Гана, Руанда, Серра-Леоне, Малайзия, Туркманистон ва Тоҷикистон осеб дидаанд. Тибқи омори ахир 37 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони манбаъ.

Ба иттилоъи расонаҳои Русия, теъдоди осебдидагон дар хобгоҳ ба 43 нафар расидааст. Аз теъдоди умумии осебдидагон 37 нафар дар бемористон, аз ҷумла 21 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Оташсӯзӣ дар хобгоҳи Донишгоҳи пизишкии ба номи Пирогов шоми дирӯз рух дод. Феълан сӯхтор комилан хомӯш шудааст. Расонаҳои русӣ расиши ноқилҳои барқиро далели оташсӯзӣ унвон мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0