Салом аз “ДИ”: 5 соли зиндон ва ё 1 миллион рубл “ҳазина” дорад

© SputnikХурсанд Амонбеков дар навори фаврии РХФА дар вилояти Самараи Русия
Хурсанд Амонбеков дар навори фаврии РХФА дар вилояти Самараи Русия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯӣ кор дар Самара қарор дошт, бо як занги телефонӣ мехост мақомотро тарсонад, аммо пас аз чанд лаҳза боздошт гардид.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Хадамоти вижа ва пулиси Русия аз боздошти Хурсанд Амонбеков, шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар Самара хабар доданд, ки тариқи телефон ба мақомот аз номи "Давлати исломӣ" салом расонда, аз насби маводи тарканда дар маҷмааи тиҷоратии "Космопорте" хабар додааст.

Дар навори бозпурсӣ, ки аз ҷониби мақомоти Русия нашр шудааст, Амонбеков худро зодаи Бадахшони Тоҷикистон муаррифӣ карда, изҳор медорад, ки ба Самара ду ҳафта қабл, назди як духтар омадааст.

Амалиёт алайҳи Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Расонаҳо: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми терроризм

"Баъд аз зуҳри 25 декабр вориди маҷмааи тиҷоратии "Космопорте" шуда, тариқи рақами 112 ба маъмурини пулис аз насби таҷҳизоти тарканда дар ин маҷмаа хабар додам. Гуфтам, ки баъди ним соат дар ин ҷо ҳама чиз ба ҳаво мепарад. Ба шумо салом аз "ДИИШ" ва соли наватон муборак",- нақл мекунад ӯ дар навор.

Дар пайи дарёфти занги телефонӣ ба ҷои ҳодиса кормандони амнияти федералӣ, маъмурини дастаи таъиноти махсус, ҷӯяндаҳои маводи тарканда ва дигар масъулин ҳозир шудаанд.

Аз фурушгоҳ ҳудуди 3 ҳазор нафар берун бароварда шуд, аммо зимни санҷиш маводи тарканда дарёфт нагардид.

Ба қавли масъулин, қонунгузории Русия барои иттилои бардурӯғ дар бораи амали террористӣ то 5 соли зиндон ё 1 миллион рубл ҷаримаро пешбинӣ мекунад.

Лентаи хабарҳо
0