Расонаҳо: боздошти ду тоҷикистонӣ дар Афғонистон бо иттиҳоми терроризм

Операция по ликвидации боевиков движения Талибан. Архивное фото
Обуна шудан
Дар минтақаи Имом Соҳиби вулусволии Қундузи Афғонистон шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷурми ширкат дар амалиётҳои низомӣ дар суфуфи “Толибон” дастгир шудаанд.

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ду тоҷикистонӣ дар шимоли Афғонистон бо гумони фаъолияти террористӣ доштанашон дастгир шудаанд, менависад Khaama Press бо истинод ба ВКД.

Як тоҷики узви "Ал-Қоида" дар Қундуз боздошт шуд - ВАО

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Имом Соҳиби вулусволии Қундузи Афғонистон   бо ҷурми ширкат дар амалиётҳои низомӣ дар суфуфи "Толибон" дастгир шудаанд.

Аснои пурсиш боздоштшудагон иқрор карданд, ки дар Покистон тамриноти низомиро пушти сар намуда, сипас барои анҷоми фаъолиятҳои террористӣ ба қаламрави Афғонистон фиристода шудаанд, меафзояд манбаъ.

Қайд мегардад, ки худи ҳамин рӯз дар Қундуз ду террорист, ки табааъи Покистонро доштанд ба ҳалокат расиданд.

Рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ сафири Афғонистон дар назди ин ташкилот Зоҳир Танин гуфт, дар қаламрави давлати исломӣ беш аз 7 ҳазор ҷангиёни аҷнабӣ ҳузур доранд. Ба навиштаи Афганистан.Ру, ки ба ҳарфҳои  оқои Танин такя кардааст, ин ҷангиён аз Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Покистон ва Чеченистон мебошанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0