Керри: монеъаҳо дар роҳи сулҳи Сурия ҷиддӣ мебошанд

© AP / Brendan SmialowskiКотиби Департаменти давлатии ИМА Ҷон Керри. Акс аз бойгонӣ
Котиби Департаменти давлатии ИМА Ҷон Керри. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Монеъаи асосӣ барои танзими вазъ дар Сурия ҳамоно ҳузур ва тавсеъаи рӯзафзуни гуруҳи “Давлати исломӣ” дар қаламрави минтақа боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Котиби давлатии ИМА Ҷон Керри эътироф кард, ки монеъаҳо дар роҳи расидан ба сулҳ дар Сурия ҳанӯз ҳам ҷиддӣ мебошанд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Бостон глоб".

"Мушкилоту монеъаҳо дар Сурия ҳанӯз ҳам зиёданд ва ин расидан ба мусолиҳаи миллиро зери суол мебарад. Дар умум, бояд кулли кишварҳо дастаҷамъона алайҳи ҳузуру тавсеъаи "Давлати исломӣ" мубориза баранд. "ДИ" хатари рақами як дар роҳи даст ёфтан ба тавофуқоту амният аст",- илова кард ӯ.

WSJ: ИМА дар Сурия табаддулоти низомӣ анҷом доданӣ буд

Вазири умури хориҷаи Амрико қайд кард, ки "ҳоло тамоми неру ва қувва алайҳи тавсеъаи "Давлати исломӣ" равона шуда, саркӯб кардани онҳо идома дорад".

"Бар иловаи ин, мо бо ҳамтоёнамон аз Ховари Миёна ҳамкории танготангро ба роҳ монда, муборизаро зидди "ДИ" тақвият медиҳем. Мушкили дигар ҳалли масоили марбут ба муҳоҷирон аст ва инро низ нодида гирифтан мумкин нест",- афзуд оқои Керри.

Маврид ба тазаккур аст, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки панҷ сол боз идома дорад, дасти кам 230 ҳазор кас ба ҳалокат расидаанд ва беш аз 3 миллион нафар овора шуданд.

Лентаи хабарҳо
0