Нашри дуввуми “Китоби сурх”-и Тоҷикистон дар Душанбе

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкТабиати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Табиати Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
«Китоби сурх» санади илмиест, ки фаъолияти инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Бо ҷалби беш аз 40 нафар олимону мутахассисони саршиноси соҳаи ботаника ва зоологияи кишвар нашри дуввуми "Китоби сурх"-и  Тоҷикистон таҳия ва ба нашр расид, иттилоъ доданд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба Sputnik.

Ба Душанбе баҳор омад - Sputnik Тоҷикистон
Ба Душанбе баҳор омад

Ин китоб бо дастгирии молиявии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ тайи панҷ сол бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ ва кӯмакҳои молии Иттиҳоди Аврупо тавассути лоиҳаи FLERMONECA (Идоракунии ҷангалҳо ва гуногунии биологӣ, аз  ҷумла мониторинги ҳолати муҳити зист) моҳи октябри соли 2015 чоп шудааст.

Тибқи маълумоти нашршуда дар ин китоб, гуногунии биологии Тоҷикистон бой ва рангин аст. Дар асоси маълумоти навтарин дар таркиби фауна ва флораи Тоҷикистон зиёда аз 13000 намуди ҳайвонот ва беш аз 4500 намуди растаниҳои гулдор муайян карда шудааст.Дар экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон 80% гуногунии биологии кишвар сокин гардидааст.

«Китоби сурх»  санади илмиест, ки фаъолияти инсонро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба танзим медарорад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил  шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.

Ба нашри якуми «Китоби сурх»-и Тоҷикистон, ки қариб 30 сол қабл аз ин чоп шуда буд, 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ дохил гардида буд.

Дар нашри дуюми "Китоби сурх" бошад, 267 намуд растанӣ ва 222 намуд ҳайвоноте, ки зери тахдиди маҳвшавӣ қарор доранд, дохил шудааанд.

Лентаи хабарҳо
0